Идомаи «Насли созанда» дар пойтахт
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Тавре ки қаблан иттилоъ дода шуд, бо мақсади баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ, тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ, фароҳам овардани имконияти васеи қонеъ гардонидани талаботи маънавӣ ва густурда сохтани нақши ҷавонон чун нерӯи созандаи ҷомеа, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» аксияи «Насли созанда» -ро роҳандозӣ намуда истодааст.Аксияи мазкур чанде пеш дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд баргузор гардида, рӯзи 20 апрели соли 2013 он дар пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе таҳти шиори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Барои созандагӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон» идома меёбад.Дар доираи чорабиниҳои аксияи ҲХДТ, ки ба таҷлили Рӯзи пойтахт рост меоянд, дар чор ноҳияҳои пойтахт (боғҳои фароғатию фарҳангии ба номи С.Айнӣ, Дӯстии халқҳо, Кӯли Комсомол ва майдони 800- солагии шаҳри Маскав) рӯзи 20 апрели соли 2010 аз соати 9 то 12. 30 чорабиниҳои мухталиф, аз қабили намоишгоҳҳои ҳунарҳои бадеӣ, дастовардҳои навоварону ихтироъкорон дар асоси технологияи нав ва компютер, намоиши эҷодиёти рассомони ҷавон ва консерти ситораҳои санъати тоҷик баргузор мегарданд.Аксия дар дигар манотиқи кишвар низ идома хоҳад ёфт.








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






