Имзои Ёддошти тафоҳум бо ширкати чиноӣ

Апрель 17, 2013 15:01

Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Душанбе маросими расмии имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи телекоммуникатсия байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Ширкати ZTE-и Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардид.  Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки ҳуҷҷати мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода ва аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин ноиби Президенти Ширкати ZTE, Сун Ченг ба имзо расониданд. Бояд гуфт, ки соҳаи телекоммуникатсия яке аз самтҳои пешрафтаи бахши ҳамкории Ширкати ZTE бо Тоҷикистон мебошад. Ширкати мазкур дар тӯли чандин солҳо дар бозори Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, ҳам бо операторҳои мобилии ҷумҳурӣ ва ҳам бо муассисаҳои давлатӣ ҳамкории зич дорад. Дар айни замон, Ширкати ZTE миқдори муайяни таҷҳизотро барои низоми видеоконфронс ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун лоиҳаи пилотӣ пешниҳод менамояд. Мақсади татбиқи лоиҳаи мазкур нишон додани фаъолияти самаранок ва сифати ин низом мебошад.

Апрель 17, 2013 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст