Интернет гул аст, вале хор дорад
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз ҷаҳони муосирро бе интернет тасаввур кардан мумкин нест, чунки интернет барои ҷомеаи шаҳрвандӣ як қисми ҷудонашаванда гардидааст. Имрӯз ба воситаи интернет мо китоб мехонем, аз хабарҳои охирин воқиф мешавем, хариди чиптаҳо ва дигар лавозимоти заруриро фармоиш медиҳем, ки ин албатта, хеле хуб аст, вале аз ёд бояд набаровард, ки барои саломатии инсон бе кори ҷисмонӣ дар як ҷо зиёд нишастан оқибати нохуш дорад. Баҳри ҳамин биёед аз интернет оқилона истифода барем ва фарзандҳои худро ҳам ба дуруст истифода кардани интернет ҳидоят кунем.Имрӯз аз тариқи интернет мо метавонем бо дӯстони деринаи худ, ки дар ҳар гӯшаву канори мамлакатҳои хориҷ ва дохили кишварамон ҳастанд. дар тамос бошем, аз аҳволу зиндагии онҳо бохабар шавем, аз тариқи интернет аз хабарҳои охирин дар муддати кӯтоҳтарин огоҳ шавем, китобҳои бадеӣ, асарҳои нависандаҳои тамоми ҷаҳонро ба осонӣ дастрас намоем, аз пешравии технологияҳои навтарини кишварҳои ҷаҳон огоҳӣ ёбем. Хуллас, имрӯз интернет ёрдамчии хуби мост, вале он бар замми хубиҳо як қатор камбудию норасоӣ ва зарари беандоза ҳам дорад, ба мисоли сайтҳои фаҳшу бемаънӣ (порно сайтҳо), бозиҳои онлайнӣ, зӯроварӣ (экстремистӣ), ки ба мафкураи кӯдакону наврасон таъсири манфӣ мерасонад, онҳоро аз роҳу равиши одамгарӣ бероҳа месозад, ба зӯроварию куштору дигар корҳои аз одоби инсонӣ берун ҳидоят мекунад. Мо ҳама медонем, ки ин ташвиқот ба урфу одат ва одоби шарқиёнаи мо таъсири манфии худро мерасонанд, бо ин усулҳо ҷавонони моро аз хондану фикр кардан дур месозанд ва мафкураи онҳоро вайрон сохта, ба мисли маводи мухаддир дар майнаашон аз тариқи интернет корҳои фаҳшу бемаъниро ҷой мекунанд, ки ин барои ҷомеаи мо оқибати нохуш меорад. Барои ҳамин моро мебояд, ки интернетро оқилона истифода бурда, кӯдакону наврасони худро то ба синни 16 расидан зери назорати қатъии худ гирем ва нагузорем, ки ба сайтҳои бемаънӣ ва онлайнбозиҳое, ки зӯроварӣ ва экстремизмро пешниҳод мекунанд, ворид шаванд. Хубтар мешуд, ки имрўз провайдерони мо аз технологияҳои муосир истифода карда, пеши роҳи кӯдаконро аз ворид шудан ба сайтҳои фаҳшу бемаънӣ ва хусусияти зўроваридошта мегирифтанд ва барои кӯдакону наврасон ин намуди сайтҳоро иҷозат намедоданд ва ҷомеаро аз корҳои бемаънӣ эмин медоштанд. Маркази матбуоти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






