Иштироки Сарвари давлат дар кушоиши маҷмааи варзишии ВКД
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати корҳои дохилӣ ташриф оварда, дар расми кушоиши маҷмааи варзишӣ иборат аз толорҳои гуштингирӣ, вазнбардорӣ, бозии футболи хурд, волейбол, баскетбол, фитнес ва ҳавзи шиноварӣ, ки мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ таҷҳиз шудаанд, иштирок намуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо варзишгарони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ мулоқот доир намуда, ба онҳо барору комёбӣ ва дастовардҳои варзишӣ таманно намуд. Сарвари давлат ба варзишгарон муроҷиат намуда, изҳор кард, ки: «Шумо дар кадом мусобиқа ва дар куҷое, ки набошед, Роҳбари давлат ва 8 миллион аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шумост!»Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба толори гӯштингирӣ ва вазнбардорӣ ворид шуда, аз таҷҳизоти варзишӣ ва тарзи истифодаи онҳо дидан намуд.Роҳбари давлат ба толори бузурги бозии футболи хурд, волейбол, баскетбол ва фитнес ворид шуда, бо варзишгарони ҷабҳаҳои гуногуни варзишӣ ва насли ҷавону наврас мулоқот доир намуда, аз таъсиси чунин як толори барҳавою замонавӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Дар мулоқот Ҷаноби Олӣ изҳор кард, ки «Варзиш ин солимии миллат аст. Ман боварӣ дорам, ки Шумо шуҳрати варзишии моро боло мебардоред ва ба дастовардҳои назаррас ноил мегардед».Мавсуф махсусан ба намуди варзишии волейбол ва баскетбол таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зикр кард, ки «Волейбол ва баскетбол яке аз намудҳои беҳтарини варзишанд» ва тамоми варзишгарон саф ороста, бо Ҷаноби Олӣ расми хотиравӣ гирифтанд.Ҳамчунин Сарвари давлат аз толори ҳавзи шиноварӣ дидан намуда, ба тарзи сохтмон ва ороиши он баҳои баланд дод.Дар хотима Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии вазорат бо ҳайати шахсӣ суҳбати пурмуҳтаво доир намуда, онҳоро ба машғул шудан ба варзиш ва тозагию ободкорӣ ҳидоят намуд. Роҳбари давлат зимни суханронӣ изҳор кард, ки «Маҷмааи варзишии Вазорати корҳои дохилӣ дар сатҳи баланд ва бо меъёрҳои замонавӣ мутобиқ сохта шудааст. Шумо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки шабонарӯзӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ қарор доред, бояд пайваста ба варзиш машғул шавед ва руҳану ҷисман пурқувват ва солим бошед».








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






