Изҳороти матбуотии Эмомалӣ Раҳмон ва Мартин Шулс

Апрель 12, 2013 04:02

Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Парлумони Аврупо Мартин Шулc зимни изҳороти матбуотӣ мулоқоти навбатии худро созанда арзёбӣ намуданд. Мартин Шулс аз баррасӣ гардидани як қатор мавзуоти дорои аҳамияти муҳими стратегӣ дар ин мулоқот иттилоъ дода, зикр намуд, ки ин дидор имкон медиҳад, то ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз пеш тақвият ёбанд. Номбурда ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика ва иқтисод изҳори ҳавасмандӣ намуд. Зикр шуд, ки дар ин дидор «истеҳсоли нерӯи барқ бо истифода аз захираҳои обӣ» яке аз мавзуоти меҳварӣ маҳсуб меёфт.   Бо ёдоварӣ аз баргузории интихоботи президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли ҷорӣ Мартин Шулс ибрози итминон намуд, ки ин маъракаи сиёсӣ дар сатҳи баланд, шаффоф ва озоду демократӣ баргузор хоҳад шуд. Ҳамчунин Президенти Парлумони Аврупо аз муҳокимаи масоили амнияти минтақавӣ, вазъи кунунии Афғонистон, махсусан пас аз хуруҷи нерӯҳои низомии посдори сулҳ аз ин сарзамин иттилоъ дод. Мартин Шулс даъвати Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданро бо хушнудӣ пазиро шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар изҳороти матбуотӣ мулоқоти навбатии худ бо Президенти Парлумони Аврупоро дар самти рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин ниҳоди муътабар муассир арзёбӣ намуд. «Ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандии худро ба тақвияти ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо ва ниҳодҳои он дар бахши такомули равандҳои ислоҳоти демократӣ, густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитариву амниятӣ баён менамояд»,- иброз дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Парлумони Аврупо ҳамчун рукни муҳими ниҳодҳои ҳамгироии Иттиҳоди Аврупо дар таҳкиму густариши минбаъдаи робитаҳои ҷомеаи Аврупо бо Тоҷикистон мусоидати созанда менамояд.

Апрель 12, 2013 04:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст