«Каёнуш» ифтитоҳ шуд
Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар арафаи Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бастагӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва саҳмгузории Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Ёқут — 2000», ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар дар бобати ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаҳои дӯзандагӣ ва бо мақсади татбиқи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи рушди саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2006-2015» имрӯз дар ноҳияи Данғара боз як корхонаи нави истеҳсолӣ бо номи «Каёнуш» мавриди истифода қарор гирифт. Тибқи иттилои шуъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхона бо дастгоҳҳои дӯзандагии замонавӣ ҷиҳозонида шуда, дар як баст барои 140 нафар ва дар ду баст барои 280 нафар занону духтарони маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ ва маоши муносиб муҳайё гардидааст. Дар корхона дӯхтани либосҳои мактабӣ, рахти хоб ва дигар ҷиҳози дӯзандагӣ ба роҳ монда мешавад.Қобили зикр аст, ки дар ноҳияи Данғара 30 733 нафар хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва дар ҷумҳурӣ 1млн.713ҳазор нафар таҳсил доранд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






