Кишвар ба технологу барномасоз ва табибон ниёзи бештар дорад
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар»,Руқияи Боймамад).- Бо вуҷуди он ки феълан дар Тоҷикистон муассисаҳои зиёде барои омода намудани мутахассисони соҳаи тибб амал мекунанд, ҳанӯз ҳам нарасидани кадрҳо, бахусус дар манотиқи дурдасти куҳии кишвар сахт эсос мешавад. Вале бо вуҷуди ин хурсандиовар он аст, ки дар ноҳияи дурдасти Рашт ҷавондухтароне, ки бо квотаи президентӣ донишкадаи тиббиро хатм кардаанд. имрӯз дар соҳаи момодоягӣ дар ноҳияи Рашт фаъолият доранд, зикр намуд Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон дар Паёми имрӯзаи худ. Ӯ инчунин дар идомаи суханаш гуфт: “Масъалаҳое, ки бисёр муҳиманд, тарбияи кадрҳои коргарии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ мебошад.Имрӯз зарур аст, ки заминаҳои моддиву техникӣ ва имкониятҳои кадрии ин муассисаҳо ба таври ҷиддӣ беҳтар карда шаванд ва бо назардошти он, ки талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ мунтазам тағйир меёбад, бояд дар ин самт чораҳои саривақтиву муассир андешида шаванд.Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир ҳазорон нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бекор монда, бо фаъолияте машғуланд, ки ба ихтисоси гирифтаашон умуман мутобиқат надорад.Мо ҳар сол дар мактабҳои олӣ ҳазорон нафар ҳуқуқшиносу иқтисодшиносонро омода менамоем, вале кишварамон имрӯз ба муҳандисону бинокорон, энергетику технологҳо, барномасозон ва табибони баландихтисоси сатҳи байналмилалӣ ниёзи бештар дорад”.Тибқи маълумот дар давоми солҳои 2008-2012 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро 9 ҳазору 300 нафар бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва беш аз 40 ҳазор нафар бо ихтисосҳои гуногуни иқтисодӣ хатм кардааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






