Кўмаки ғизоӣ ба ятимони донишгоҳ

Апрель 3, 2013 08:59

Душанбе, 3 апрел.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Дирӯз бо ташаббуси Иттифоқи касабаи донишҷўён ба 18 нафар ятими Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ кўмаки ғизоӣ расонида шуд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ иттилоь доданд, пеш аз расонидани мавод ба муҳассилон ректори донишгоҳ А.Раҳмонов бо онҳо вохўрӣ намуда, аз шароити рўзгору таҳсилашон пурсон шуд. Зимни суҳбат маълум гардид, ки дар миёни донишҷўён нафарони аз фанҳои таълимӣ қарздор низ ҳаст. Ректори донишгоҳ изҳор кард, ки ба донишҷўён дар ин кор кўмак мерасонад, вале онҳо бояд бепарво набуда, бештар ба мутолиа машғул шаванд. Ректори донишгоҳ масъалаи шароити зисти донишҷўёнро дар хобгоҳ пурсон шуд ва таъкид дошт, ки нафарони ба хобгоҳ ниёзманд метавонанд ба роҳбарият муроҷиат кунанду мушкилашон бартараф шавад. Раиси Созмони ҷавонони донишгоҳ Баҳром Шерматов пешниҳод кард, ки бахшида ба иди ҷавонон озмуни «Мақолаи беҳтарин» ташкил шуда, баъд аз натиҷагирӣ беҳтариҳо бо мукофотҳо сарфароз гардонида шаванд.

Апрель 3, 2013 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст