М. Убайдуллоев бо ҳайати парлумонӣ ба Русия рафт

Апрель 10, 2013 10:04

Душанбе, 10 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кард. Ҳамзамон ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Аврупову Осиё /ИИАО/ ва Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ /СААД/ иштирок менамояд. Шавкат Саидов –ёвари раиси палатаи болоии Парлумони ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург то 13 апрел идома меёбад. Интизор меравад, ки парламентарҳои тоҷик дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ИИАО ва СААД ҷиҳати таҳкими равобити байнипарлумонӣ бо намояндагон ва парламентарҳои кишварҳои аъзои созмонҳои мазкур мулоқот анҷом дода, табодули назар кунанд.

Апрель 10, 2013 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст