М. Убайдуллоев бо ҳайати парлумонӣ ба Русия рафт
Душанбе, 10 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кард. Ҳамзамон ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Аврупову Осиё /ИИАО/ ва Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ /СААД/ иштирок менамояд. Шавкат Саидов –ёвари раиси палатаи болоии Парлумони ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург то 13 апрел идома меёбад. Интизор меравад, ки парламентарҳои тоҷик дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ИИАО ва СААД ҷиҳати таҳкими равобити байнипарлумонӣ бо намояндагон ва парламентарҳои кишварҳои аъзои созмонҳои мазкур мулоқот анҷом дода, табодули назар кунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






