Мактабхон донишҷӯро ба қатл расонд

Апрель 19, 2013 16:39

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Сино Шодмон Воҳидови ноболиғ ҳамчун гумонбар дар куштор дастгир шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД хонандаи синфи 9-уми МТУ №37 Шодмон Воҳидов, сокини кӯчаи Абдуллобекови пойтахт рӯзи 18.04.с.2013, тахминан соати 17:10-дақиқа бо шаҳрванд Ҳомидов Сафарбек Маҳмадраҳимович, соли таваллудаш 1995, сокини кӯчаи Маяковский, донишҷӯи бахши сеюми Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №65 хархаша намуда, бо корди дар дасташ буда як маротиба ба қафаси синаи ӯ задааст, ки дар натиҷа Сафарбек Ҳомидов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Гуфта мешавад аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Апрель 19, 2013 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш