Маориф – соҳаи афзалиятнок

Апрель 1, 2013 09:16

Хоруғ, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Улфатшоев Ҷангибек).- Аз рӯйи «Барномаи давлатии рушди маориф барои солҳои 2010 – 2015» дар машварати васеи назди раиси вилоят, ки рӯзи 29 март сурат гирифт, сардори раёсати маорифи вилоят Ғарибшо Ғарибшоев сухан гуфт. Мавсуф зикр намуд, ки ҳадафи аслии Барномаи мазкур таҳкими заминаи моддию таълимӣ ва техникии муассисаҳои таълимӣ — тарбиявии вилоят мебошад. Зикр гардид, ки аз қабули ин ҳуҷҷати муҳим ҳамагӣ ду сол сипарӣ гардида бошад ҳам, дар иҷрои он пешравиҳои зиёде ба назар мерасанд. Бо вуҷуди ин, тавре ки раиси вилоят Қодири Қосим таъкид намуд, масъалаҳои ҳалталаб ҳанӯз кам нестанд. Чунончӣ, таъсиси мактабҳо ва муассисаҳои томактабии хусусӣ, тезонидани раванди пайвастшавии муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи Интернет аз ҷумлаи ин мушкилиҳост. Раиси вилоят раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти дахлдорро вазифадор намуд, то камбудиҳои ҷойдоштаро сари вақт бартараф намоянд.

Апрель 1, 2013 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст