Марги 1 нафар бар асари фаромадани санг

Апрель 24, 2013 11:11

Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 23 апрел соати 22:40 дақиқа дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, аниқтараш дар километри 116-уми мавзеи Чореи ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ дар натиҷаи фаромадани санги калон сокини ҷамоати деҳоти Русияи ноҳияи Рӯдакӣ Комилҷон Акбаров, соли таваллудаш 1959 ҳангоми пиёда ба самти Душанбе ҳаракат кардан ба ҳалокат мерасад.  Тавре ки ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ Ориф Нозимов хабар дод, ҷасади шаҳрванди мазкур ба кормандони сохторҳои дахлдори ноҳияи Айнӣ ва хешовандонаш супорида шуд.

Апрель 24, 2013 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш