Масоили ҳуқуқӣ — ҷиноӣ ва криминалогии авф дар ҶТ

Апрель 22, 2013 11:11

Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).-Дар қатори нашри китобҳои илмию назариявӣ ва методии Маркази миллиии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд рӯз қабл китоби «Масоили ҳуқуқӣ — ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон» , ки аввалин тадқиқоти илмӣ дар ин соҳа мебошад, аз чоп баромад. Муаллифи китоби мазкур муовини директори Маркази миллии қонунгузорӣ Барно Саидвалиева кӯшиш намудааст, ки масоили вобаста ба авф, табиати ҳуқуқӣ, тадбиқи он, тавсифи авф, характеристикаи иҷтимоию криминалогии авфшудагонро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, таклифу пешниҳодҳои мушаххас ироа намояд.  Китоби мазкур метавонад барои қабули санадҳои ҳуқуқии авф ҳамчун замина ва дастур бошад. Дар он мафҳумҳои «авф», «шахсони авшуда», масъалаҳои ҷуброни зарар ба ҷабрдида, бардоштани доғи судӣ , шартҳои татбиқ нагаштани авф, доираи амали қонуни мазкур, мақомоте, ки иҷрои қонун ба онҳо вобастаанд ва муҳлати иҷрои қонун мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Ҳамзамон дар асоси тадқиқоти илмӣ аз ҷониби муаллиф баҳри мукаммалсозии қонунгузории авф ; аз ҷумла аз ҷиҳати илмӣ муайян намудани мафҳуми авф , шарҳи таснифи ҳуқуқии авф, ҳолати махфияти таҳияи санади авф ва дигар масоили ҳалталаб баррасӣ гардида, таклифҳо пешниҳод шудаанд. Ба ақидаи муаллиф бояд санади авф дар ҳолати махфият таҳия гардида , пеш аз ба қуваи қонунӣ даромаданаш набояд дар васоити ахбори омма муҳокима гардад, зеро пешакӣ донистани қабули санади авф боис мешавад, ки дар ҷумҳурӣ ҷиноятҳои беҷазо зиёд гарданд.

Апрель 22, 2013 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст