Мавсими оммаи варзишӣ дар Суғд

Апрель 8, 2013 15:56

Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Дар давоми ду соли охир бо харҷи беш аз ҳаштод миллион сомонӣ дар қаламрави вилояти Суғд 316 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 2 маҷмааи варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ, 31 толори варзишӣ, 40 майдончаи варзишӣ, 5 варзишгоҳ ва 236 иншооти дигари варзишии хурду бузург ба истифода дода шуд. Ин нуктаро Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд дар оғози мавсими оммавии варзишӣ дар майдони «20 –солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»- и шаҳри Хуҷанд зикр намуд. Гуфта мешавад беш аз 15 ҳазор нафар одамони касбу кори гуногун субҳи шанбе, 6-уми апрел мавсими оммавии варзишро дар иншооти мухталифи варзишии шаҳри Хуҷанд оғоз карданд. Ҳамчунин дар муассиса, майдон ва толорҳои варзишӣ, майдончаҳои варзишии назди биноҳои баландошёнаи шаҳри Хуҷанд ва донишгоҳу донишкадаҳо бо иштироки дастаҷамъонаи ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву ташкилот, идораҳо, ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва сокинон мусобиқаву машқҳои варзишӣ баргузор гардиданд.Манбаъ афзуд, ки мавсими оммавии варзишӣ дар қаламрави вилоят як моҳ идома меёбад.

Апрель 8, 2013 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш