Мо соҳибистиқлолӣ ва озодии давлатамонро ба ҳеҷ чиз иваз намекунем!
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имрӯзаи худ ба Маҷлиси Олӣ оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлат муайяну мушаххас баромад намуда, изҳор кард, ки «Яке аз вазифаҳои стратегӣ ва мақсади аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафти иқтисодиёти миллӣ ва некӯаҳволии халқ мебошад. Пайвастшавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо бисёр муҳим аст. Узвияти Тоҷикистон ба ин созмони бонуфуз ба иқтисодиёти Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшида, ба афзоиши сармоягузории хориҷӣ мусоидат менамояд».Сарвари давлат дар давоми ироаи Паёми худ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро ба дарки баланди масъулиятшиносӣ ба хизмати содиқона ба халқу Ватан ҳидоят намуда, зикр кард, ки муборизаро бар зидди ҷиноятҳои муташакиллонаи фаромарзӣ, терроризм, экстремизм ва маводи мухаддир пурзӯр намуда, барои ҳифзи сарҳадот тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар шароити пуртазодду печидаи ҷаҳон ва осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳо суботу оромии ҷомеаро фаромӯш насозанд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки «Мо ба ҳеҷ ваҷҳ соҳибистиқлолӣ ва озодии давлатамонро ба ҳеҷ чиз иваз намекунем!».Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, имрӯз дар маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ роҳбарони раёсатҳо ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ҷамъ омада, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз тариқи телевизион тамошо намуданд. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз Паёми сарвари давлат руҳу илҳом ва нерӯи тоза гирифта, барои амалӣ намудани ҳадафҳо ва вазифаҳои дар наздашон гузошта бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ҷидду ҷаҳд ва талош меварзанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






