Муҳокимаи масоили кӯмак ба муҳоҷирони меҳнатӣ
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 29 апрел дар шаҳри Маскав мулоқоти сардори шӯъбаи муҳоҷирати меҳнатии Намояндагии муҳоҷирати меҳнатии назди Ҳукумати ҶТ дар Федератсияи Русия М.Орифов, муовини директори Раёсати Созмони байналмилалии муҳоҷират дар шаҳри Маскав Павел Шалус ва роҳбари Барномаи минтақавии бахши муҳоҷирати меҳнатӣ дар Осиёи Марказӣ ва Русия Юлиана Павловская баргузор гардид.Тавре ки Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар медиҳад, дар ҷараёни мулоқот масоили расонидани кӯмаки иттилоотию машваратӣ ва ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.Бинобар тағйир ёфтани қонуни муҳоҷиратии Федератсияи Русия марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ, аҳд шуд, ки кори тавзеҳотӣ ба манзури расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи муҳоҷирони меҳнатӣ танзим карда шавад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






