Муҳокимаи масоили роҳҳои оҳан
Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 24 апрел вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов бо намояндагони Бонки рушди Осиё бо роҳбарии намояндаи доимии бонки мазкур дар Тоҷикистон Си Си Ю сӯҳбат намуд. Тавре ки аз котиботи Вазорати молияи кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни сӯҳбат перомуни масоили мубрам ва дурнамои фаъолият дар бахшҳои молия, буҷаю андоз ва ғайра табодули афкор баргузор шуд. Ҷонибҳо ба раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва масоили марбут ба соҳаҳои афзалиятдори иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла, ба таҳким бахшидани заминаи моддию техникии таҳсилоти касбӣ, рушди бахши энергетика, беҳсозии вазъи роҳҳои оҳан, истифодаи захираҳои об, ҳамчунин дастгирии буҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.Зикр шуд, ки мақсад аз ҳамаи тадбирҳои Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ мебошад.Ҳамчунин самтҳои ояндадори барномаҳои муштарак барои соли 2013 ва давраи миёнамӯҳлати солҳои 2014 – 2016 ва танзими муносибатҳои мутақобилаи Тоҷикистон бо Бонки рушди Осиё ва созмонҳои дигари молиявию бонкии байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






