Мулоқоти вазири молия бо роҳбари намояндагии ХБА

Апрель 5, 2013 15:07

Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Чанде пеш вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов бо роҳбари намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор Ҷонатан Данн мулоқот анҷом дод. Тавре ки аз котиботи Вазорати молияи кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот натиҷаи иҷрои буҷа дар соли 2012, меъёрҳои буҷа барои соли 2013, ҳамчунин хароҷоти буҷа барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, афзоиши даромад ва масоили сиёсати умумиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Роҳбари намояндагии мазкур Ҷонатан Данн фикрашро перомуни иҷрои нишондодҳои назоратии сиёсати макроиқтисодӣ ва фискалӣ баён намуд. Намояндагӣ ҳамчунин самтҳои асосии сиёсати иқтисодиро бо раёсатҳои дахлдори Вазорати молияи Тоҷикистон муҳокима менамояд.Ҷонибҳо ба масоили сиёсати молиявию андоз, аз ҷумла ба масъалаҳои марбут ба нерӯгоҳи барқи обии Роғун, татбиқи Кодекси Андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳалли проблемаҳои Агроинвестбонк таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.

Апрель 5, 2013 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст