Мушкилоти ҳавосанҷон осон гардид

Апрель 18, 2013 09:21

Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- 16-уми апрели соли ҷорӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти семоҳаи якум ва вазифаҳои навбатӣ дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ баррасӣ шуд. Раиси кумита Талбак Салимов гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ 5947 санҷиши комплексӣ, соҳавӣ ва фаврӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 23% зиёд мебошад. Дар натиҷаи санҷишҳо ба субъекҳои фаъолияти хоҷагидор барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ 9289 пешни¬ҳод¬и иҷрояш ҳатмӣ дода шуд, ки 75,5% иҷро гардид ва нишондоди мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ таносубан 23 ва 6% зиёд мебошад. Барои дар фасли сармо ҳифз намудани ҳайвоноти ваҳшӣ бо Фармоиши раиси кумита нақшаи чорабиниҳо таҳияю тасдиқ гардида, ситод таъсис дода шуд ва дар асоси он аз тарафи сохтор¬ҳои марбута корҳои муайян иҷро гардиданд. Аз ҷумла дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикор барои аз фасли зимистон беталаф баровардани ҳайвоноту парранда¬гони ваҳшӣ 81,5 тонна маводи ғизои ва 450 кг намак истифода шуд, ки 50815 сомониро ташкил медиҳад. Кормандони 40 стансия ва дидбонгоҳи обченкунии Муас¬сисаи давлатии обуҳавошиносӣ бо либосҳои махсус, ангишт ва сўзишворӣ пурра таъмин гардиданд. Ҳамзамон 39 стансия ва 18 дидбонгоҳи обченкунӣ бо радиостансия, генератори барқистеҳҳсо묬ку¬нанда, телефонҳои шаҳрию мобилӣ, аккумулятор ва поч¬таи электронӣ муҷаҳҳаз шуданд.

Апрель 18, 2013 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст