Намоишгоҳи «Маорифи Русия дар Душанбе»

Апрель 1, 2013 13:45

Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – Аз 4 то 6 апрел дар Маркази илму фарҳанги Русия воқеъ дар шаҳри Душанбе ярмаркаи дуюми байналмилалӣ таҳти унвони «Маорифи Русия. Душанбе 2013» баргузор мегардад. Тавре ки аз Намояндагии Созмони ҳамкории Русия дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 4 апрел маросими ифтитоҳи намоишгоҳ – ярмарка ва мизи мудаввар дар мавзӯи «Таҳсилотии олии Русия: шароиту имкониятҳои нав» бо иштироки кормандони масъули бахши маорифи ҷумҳурӣ ва намояндагони донишкадаҳои олии Русия доир мешавад. Дар ин маросим масоили марбут ба технологияҳои нави маориф, ҳамчунин масъалаҳои омодагии довталабон барои дохил шудан ба донишкадаҳои олии Русия, проблемаҳои тадрис ва такмили ихтисос мавриди муҳокима қарор мегиранд.Барои муштариёни намоишгоҳ имконияти роҳандозии муколама бо намояндагони Сафорати Русия дар Тоҷикистон ва бархӯрдор шудан аз машваратҳои муфид дар мавриди ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати дохил шудан ба донишкадаҳо фароҳам оварда мешавад.

Апрель 1, 2013 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст