Намояндагони ҲХДТ бо сокинони Панҷ мулоқот карданд
Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Дар ноҳияи Панҷ дар раванди омодагӣ ба маъракаҳои муҳими сиёсии имсола бо қарори Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби халқӣ — демократии Тоҷикистон рӯзҳои ҲХДТ дар маҳаллаву ҷамоатҳои ин ноҳия гузаронида мешавад. Бино ба иттилои сомонаи расмии ин ҳизб дар ин доира рӯзи 16 апрели соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти Нури ваҳдат рӯзи ҲХДТ бо иштироки васеи сокинони деҳот, собиқадорони ҷангу меҳнат, фаъолони ҳизб ва зиёиён хотирмону судманд гузашт. Дар оғози чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ёғибек Носиров оид ба мавқеи ҲХДТ дар ҷомеа, хизматҳои Президенти кишвар, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ба даст овардани комёбиҳои даврони истиқлолият андешаҳои худро баён намуд. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки дар ҳамаи деҳаҳо вохӯриву суҳбатҳо ва чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ бо ташаббуси аъзои Ҷамъияти таблиғотии «Фарҳанги сиёсӣ» ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» баргузор мегарданд. Сомонаи ҲХДТ афзудааст, ки аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизб бо дастгирии соҳибкорони саховатманди деҳот ва ноҳия ба 35 нафар аз оилаҳои камбизоат, собиқадорони ҷанги меҳнат, омӯзгорону толибилмони фаъоли мактабҳои деҳот, кишоварзону соҳибкорон ва варзишгарони беҳтарини ин ҷамоат туҳфаҳо тақдим шуд ва интизор меравад, ки дар ҷамоати деҳоти Нури ваҳдат бинои дорухона аз ҷониби соҳибкор, аъзои ҲХДТ Миралӣ Назаров ва бинои дуошёнаи сехи дӯзандагӣ дар қишлоқи Пашор аз тарафи соҳибкор ва ҷонибдори ҲХДТ Абдулло Луқмонов ба истифода дода шаванд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






