Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар семоҳаи аввал
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи хайати мушовараи вазорат баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарияти вазорат, сардорони сарраёсату раёсатҳо ва роҳбарони муассисаҳои тобеи он иштирок намуданд. Ҷаласаро муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматҷон Бӯриев кушод. Сипас оид ба фаъолияти вазорат ва ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли равон ва вазифаҳо то охири соли 2013 сардори Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодӣ Файзиддин Қаҳҳоров маърӯза намуд. Дар чорабинӣ масъалаҳои вобаста ба таҳлили амиқи нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, вазъи корхонаҳои саноатӣ ва таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои кор, рушди содирот ва вазъи воридот, татбиқи барномаю стратегияҳо, ҳамчунин масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ шуданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






