Натиҷаи амалиёти «Чароғаки раҳнамо ва як моҳи бехатарӣ»
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи интизомнокии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ба танзим даровардани ҳаракат ва истифодаи воситаҳои нақлиёт дар кӯчаву роҳҳои пойтахт, алалхусус воситаҳои нақлиёти мусофиркаш, ошкор намудани вайронкуниҳои дағали қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз қабили риоя накардан ба талаботи чароғакҳои раҳнамою хатҳои уфуқӣ, идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати сархушӣ, бе ҳуҷҷати ронандагӣ, бо шишаҳои сиёҳкардашуда, бе рақамҳои қайди давлатӣ, бо рақамҳои бегона, истифодаи ғайриқонунии таҷҳизоти махсуси садою равшанидиҳанда дар воситаҳои нақлиётӣ аз 17 апрели соли равон дар ҳудуди шаҳри Душанбе «Як моҳи бехатарӣ» ва амалиёти «Чароғаки раҳнамо» ҷараён дорад. Тавре ки аз маркази матбуоти ВКД ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар давоми ду рӯзи гузаронидани чорабинии мақсаднок дар роҳҳои пойтахт 1485 далели вайронкуниҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор шудааст. Аз ҷумла, 10 далели идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, 82 далели идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ, 18 далели итоат накардан ба талаботи корманди милитсия 14 далели идора намудани воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳкардашуда, 92 ҳолати истифодаи телефони мобилӣ зимни идораи воситаи нақлиёт, 485 далели гузаштан ҳангоми ранги сурхи чароғаки роҳнамо ва 938 намуди дигари вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






