Нуқтаи пайвастшавии марзи се кишвари ҳамҷавор муайян мегардад
Душанбе, 8 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар ояндаи наздик Парлумони Тоҷикистон Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишварро, ки имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардид, тасдиқ менамояд. Созишномаи мазкур 5 июни соли 2012 дар Пекин ба имзо расида ва аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ барои тасдиқ ба Парлумони мамлакат пешниҳод гардид. Амирқул Азимов- раиси кумитаи палатаи поёнии Парлумони мамлакат оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният зимни тавзеҳи масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯро гуфт, ки ҳадафи таҳия ва пешниҳоди ин санад дақиқ ва муайян намудани маҳали ҷойгиршавии нуқтаи пайвастшавии марзҳои се кишвар –Тоҷикистон, Чин ва Афғонистон аст. Созишнома аз се модда иборат буда, дар онҳо нуқтаву нишони пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвари ҳамҷавор муайян гардидааст. Дар моддаи 2- и Созишнома зикр шудааст, ки тарафҳои аҳдкунанда ба он тавофуқ кардаанд, ки муайян намудани ҷои дақиқи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ дар маҳал ва насби аломати сарҳадӣ дар ҳолати фароҳам шудани шароити мусоид барои ин кор амалӣ мешавад. Созишнома аз таърихи фиристодани огоҳиномаи охирини хаттӣ оид ба анҷоми расмиёти дохилидавлатии тарафҳои аҳдкунанда, ки барои эътибор пайдо кардани он зарур аст, мавриди амал қарор мегирад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






