Оқил Оқилов бо Ҷонатан Дан дурнамои ҳамгироиҳоро баррасӣ карданд

Апрель 8, 2013 14:48

Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо роҳбари гуруҳи намояндагони Хазинаи байналхалқии асъор Ҷонатан Дан мулоқот кард. Дар мулоқот масоили марбут ба вазъи ҳамкориҳои имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи байналалхалқии асъор ва дурнамои ин ҳамгироиҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд.Тавре ки таъкид шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият дорад дар оянда таввасути кам кардани ҳаҷми воридот, афзун намудани иқтидори содиротӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, инчунин фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ба пешрафти иқтисодию иҷтимоии боз ҳам бештару назаррас ноил гардад. Ҷонибҳо ба баррасии ҷараёни рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва сиёсати молиявию бонкӣ мароқи калон зоҳир карда, барои таъмини рушди бештару хубтари иқтисодиёти мамлакат таклифу пешниҳодоти судманд баён доштанд.

Апрель 8, 2013 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид