Омодагиҳо ба гузаронидани соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ»Ховар»). Имрўз дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷаласаи дуюми кумитаи тадорукоти омодагӣ ва гузаронидани чорабиниҳо дар доираи соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об, 2013 баргузор гардид. Дар ҷаласа рафти омодагӣ ба баргузории конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013, ки моҳи августи соли равон дар шаҳри Душанбе доир мегардад мавриди баррасӣ қарор гирифта ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳои аз замони баргузории ҷаласаи нахустини кумитаи тадорукот ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани конференсияи байналмилалӣ тарҳрезӣ гардида натиҷагирӣ карда шуд. Бо натиҷагирӣ аз рафти омодагиҳо ба конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013 Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов аъзои кумитаи тадорукотро вазифадор кард, ки дар мўҳлати кўтоҳ рўйхати иштирокчиён, даъвати намояндагони олимақоми давлатҳои хориҷӣ, ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва коршиносону мутахассисони варзидаи соҳаи обро таъмин намуда барои таҳрезии нақша ва барномаи кории конференсия, таҳияи мавзўҳои дар он баррасишаванда ва рамзи баргузории конференсияи байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат вазифадор гардиданд, ки то рўзи баргузории конференсияи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе гузаронидани машварату мизҳои муддавар ва озмуну маҳфилҳои ноҳиявию шаҳриро ба нақша гирифта оид ба масъалаи об ва муҳимияти ҳамкорӣ дар ин соҳа корҳои таблиѓотиро вусъат бахшанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






