Омодагии Беларус ба чорабиниҳои ҲХДТ
Душанбе,10 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат)- Имрӯз дар Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Асрор Латипов бо мушовири сафорат Олег Вонсяк мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Беларус ибрози назар карда, аз самараи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд. Намояндаи Беларус Олег Вонсяк ҳамкории байниҳизбиро зарур ва боиси дастгирӣ хонд ва пешниҳод намуд, то миёни ҷавонон, аз ҷумла ҷавонони ҳизбӣ ҳамкориҳо ба роҳ монда шаванд. Дар ҷараёни мулоқот намояндаи сафорат омодагии ҷониби кишварашро барои иштирок дар чорабиниҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баён дошт.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






