Омодагии мутахассисони Амрико дар кофтукови Малика ва Сабина

Апрель 15, 2013 09:41

Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар»).- Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов бо сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиот вохӯрда, тарафҳо масаъалаҳои таъмини амният дар минтақа, алалхусус мубориза бар зидди терроризм ва экстремизи байналхалқӣ, қочоқи маводи мухаддир, яроқ ва хариду фурӯши одамон табодули афкор намуда, омодагии худро ҷиҳати татбиқи мақсадҳои мазкур изҳор намуданд.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, дар мулоқот сафири ИМА дар Тоҷикистон Эллиот Сюзан зикр намуд, ки барои инкишофи муносибатҳои дӯстона ва таҳкими ҳамкориҳои судманд дар самти ошкору пайгирӣ намудани гуруҳҳои ҷинояткор, бахусус кофтукови гумгаштагони ноболиғ Малика Аралова ва Сабина Аралова омодааст намояндагони Бюрои федералии тафтишотиро (ФБР) аз Амрико, ки таҷрибаи бою ғанӣ доранд ва бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ дар самти муайян намудани гумгаштагон ва шахсони дар кофтуков қарордошта истифода мешаванд, барои ёрии амалӣ расонидан ба Тоҷикистон даъват намоянд.Ин пешниҳод аз ҷониби вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуда, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар ин замина инкишоф диҳанд.Инчунин дирӯз ҳангоми вохӯрии намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ бо мутахассисони сафорати Амрико ва зимни гуфтугӯи телефонӣ бо мутахассисони Бюрои федералии тафтишотӣ дар шаҳри Алмато онҳо омодагии худро барои расонидани кӯмаки техникӣ ҷиҳати пайдо кардани гумгаштагон ва шахсоне, ки дар кофтуков қарор доранд, ба Вазорати корҳои дохилӣ изҳор намуданд.

Апрель 15, 2013 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст