Парлумон қонуни навро баррасӣ намуд
Душанбе, 15 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» қабул мегардад. Дар робита ба ин 15 апрел лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров- раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, баррасӣ шуд. Сафаралӣ Раҷабов -раиси кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро муаррифӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» бо мақсади иҷрои дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти вазъи воқеии иқтисодиёт, молия, низоми асъорӣ ва савдои берунаи ҷумҳурӣ, воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо таҳия шудааст. Лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» аз 4 боб ва 24 модда иборат аст. Лоиҳаи қонун муносибатҳои ҷамъиятии танзими асъор ва назорати асъорро муқаррар намуда, ҳуқуқу уҳдадориҳои резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории сарватҳои асъорӣ муайян менамояд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






