Пешгирии муноқиша байни шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон
Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳои дуру наздик васеъ ба роҳ монда шуда, дар доираи ин ҳамкориҳо тамоми мушкилоти ҷойдошта ва рӯзмарра ба таври фаврӣ ҳаллу бартараф мешаванд.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, аз ҷумла, муноқишае, ки рӯзи 27 апрели соли равон байни чанд нафар шаҳрвандони ҷамоати деҳоти Ворухи ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамоати деҳоти Ақсойи ноҳияи Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон барои истифодаи роҳи умумии байни ҷамоатҳои мазкур ба вуҷуд омад, аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон ба таври оҷил пешгирӣ шуда, тартиботи ҷамъиятӣ таъмин карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ иттилоъ доданд, муноқиша аз рӯи проблемаҳои иҷтимоӣ буда, сиёсат дар ин муноқиша дида намешавад. Дар айни замон вазъият дар ин минтақа комилан орому осуда буда, мардум ба кору зиндагии доимии хеш машғуланд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






