Пешрафти устувории миллат ба садоқату муҳаббати фарзандонаш вобаста аст
Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар»).-Чанд соли охир мавзўи либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷўёни муассисаҳои олии касбии кишвар аз мавзўоти «мубрам»-и расонаҳои иттилоотии мустақили кишвар гардидааст. Ин дар мавридест, ки «Дастурамали либосҳои хонандагон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ» бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2007 тасдиқ гардида, он дар заминаи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, зеро Консепсияи миллии тарбия дурнамои тарбияи миллӣ, ҳадаф, вазифа ва мазмуну мундариҷаи онро вобаста ба сиёсати давлати соҳибистиқлол ва арзишҳои миллию башарӣ муайян менамояд. Фарҳанги либоспўшӣ дорои хусусияти хос буда, дар инкишофу такомули тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандон нақши бузург мебозад. Либосҳои намунавии донишҷӯӣ дар замири донишҷӯён-омўзгорони оянда ҳисси зебопа¬растӣ, озодагӣ ва хулқу атвори ҳамидаро ҷой намуда, онҳоро водор месозанд, ки хушбин ва боинтизом бошанд. Президенти кишвар зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Осорхонаи миллӣ ва мулоқот бо зиёиёни кишвар таъкид бар он кард, ки: «Пешрафти устувори миллат ва ҷомеа дар ҷаҳони муосир, қабл аз ҳама, ба ифтихори баланди милливу ватандорӣ, худшиносиву худогоҳии афроди он ва садоқату муҳаббати фарзандонаш ба ин сарзамини аҷдодӣ вобаста мебошад. Дар ин раванд шумо — зиёиён ва равшанфикрон бояд нерӯи раҳнамо ва ҳидоятгари ҷомеа бошед, зеро таҳаввулот ва равандҳое, ки даҳсолаҳои охир дар кишварҳои гуногун идома доранд, собит месозанд, ки тарбияи шахсияти донишманду огоҳ ва худшиносу ватандӯст амри ногузир аст. Ин масъалаи бағоят ҷиддӣ, хусусан дар марҳалаи кунунии рушди давлатдории мо ниҳоят рӯзмарра мебошад. Мо бояд ин масъаларо амиқан дарк намоем ва бо тамоми ҷиддият дар ҳалли он саҳмгузор бошем». Давлат дар сиёсати худ перомуни тарбияи миллии шаҳрвандон кафолат медиҳад, ки дар тарбияи миллӣ фазои ҳуқуқӣ фароҳам оварда, санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ қабул ва дар амал татбиқ карда шаванд. Бо ташабусси академик Абдуҷаббор Раҳмонов- ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ барои татбиқи сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлат дар соҳаи тарбияи миллӣ дар нахустмактаби олии кишвар як силсила ҳуҷҷатҳои меъёрӣ таҳия ва қабул гардиданд, ки ҳадафи ин ҳуҷҷатҳо мақсаду вазифаҳо ва мазмуни тарбияи миллиро дар ташаккули шахсияти донишҷўён-омўзгорони оянда роҳандозӣ намудан аст. «Дастурамали либосҳои тавсиявии донишҷўёни Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ», «Тавсиянома доир ба мақоми омўзгорони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ», « Қоидаҳои тартиботи дохилӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ» дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тавсияномаи ЮНЕСКО оид ба мавқеи омўзгорон», «Тавсияномаи ЮНЕСКО оид ба мақоми кадрҳои омўзгории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия гардидааст. Ба вижа Шўрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҳангоми тасдиқи «Дастурамали либосҳои тавсиявии донишҷўёни Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ» тамоми анъанаву суннатҳои арзишманди фарҳанги либоспӯшии ҷавононро вобаста ба талаботи замони муосир ба назар гирфтааст. Ин Дастурамал имконият медиҳад, ки тамоми донишҷўёни донишгоҳ новобаста аз маҳалу миллат ва нажод фарҳанги либоспўширо вобаста ба талаботи Дастурамал риоя намоянд, зеро тарғиби фарҳанги либоспўшӣ дар ҷомеа, бавижа дар замири донишҷўён- зиёиён ва равшанфикрони оянда яке аз рукнҳои тарбияи миллӣ мебошад. Боиси таассуф аст, ки ҳангоми таҳияи маводи хабарӣ нисбат ба фарҳанги либоспўшии донишҷўён бархе аз рўзноманигорон мазмуну мундариҷа, моҳият ва мақсади Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии меъёрии Вазорати маориф ва донишгоҳҳои кишварро сарфи назар менамоянд ва матлаби хешро дар муқоиса ба ин гуна санадҳо, ки сиёсати давлатро дар самти тарбияи миллӣ муайян менамоянд, сарфи назар мекунанд. Масалан чунин «андешаҳо» ҳаст, ки дар нахустмактаби олии кишвар-ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ба духтарон бо рӯймоли миллӣ ва ба писарон бо тоқии миллӣ дар дарсҳо нишастан манъ карда шудааст. Аммо дар донишгоҳ бо қарори Шӯрои олимон талаботи пӯшидани либосҳои донишҷӯён таъмин мешавад ва ба духтарон бо рӯймоли миллӣ ва ба писарон бо тоқӣ дар дарс нишастан иҷозат дода шудааст. Аз тарафи дигар дастурамали мазкур тарҳи намунавии либосҳои донишҷўёни донишгоҳро оид ба ҳар як фасли сол барои духтарон ва писарон муайян менамояд. Либосҳои донишҷӯёни Донишгоҳ бояд аз матоъҳои пахтагию абрешимӣ ё худ пашмӣ, ки барои саломатии инсон безараранд, дӯхта шаванд. Ин Дастурамал аз тарафи дигар истифодаи матоъҳои синтетикиро, ки ба саломатии донишҷўён зараровар мебошанд, манъ менамояд ва ин гуна талабот ба солимии ҷисмонии донишҷў- омўзгор, ки дар оянда ба солимии оила ва ҷомеа вобастагӣ дорад, таъсири мусбат мегузорад, Фарҳанги либоспўшии ҷавонон маҳз дар марҳилаҳои чаҳоруми тарбияи миллӣ дар донишгоҳҳо бештар вусъат меёбад. Марҳилаҳои чаҳоруми тарбияи миллӣ маҳз ба тайёрии касбии ҷавонон дар мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ вобаста мебошанд. Дар ин марҳила донишу малакаи насли ҷавон боз ҳам васеъ мегардад, барои азхудкунии арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ замина муҳайё мешавад. Бубинед, дар кишварҳои пешрафта аз тарафи олимон, равоншиносон, табибон оид ба фарҳанги либоспўшӣ тадқиқоти пурмуҳтаво гузаронида мешавад, барои тарбияи ҷавонон тавсияҳои методӣ интишор менамоянд. Мутаассифона, имрўз тавсияҳо, роҳнамоҳо, дастурамалҳо оид ба як рукни тарбияи миллӣ- фарҳанги либоспўшӣ, ки дар донишгоҳҳои кишвар мавриди амал қарор доранд, дар расонаҳои иттилоотӣ мавриди тарғибу ташвиқ қарор дода намешаванд. Вақте ки оид ба одоби либоспўшӣ, мавзўи либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии кишвар маводе таҳия месозем, набояд фаромўш кард, ки тарбия аз рўи мақсаду вазифа ва мазмуну мундариҷа нисбат ба таълим муқаддамтар аст. Пас, дар навиштани оддитарин мавод оид ба тарбия бояд як садоқату муҳаббати хосе дошта бошем, зеро пешрафти устувории миллат ба садоқату муҳаббати фарзандонаш вобаста аст ва садоқату муҳаббати фарзандони миллатро дар роҳандозии сиёсати давлат дар соҳаи тарбия ва таълим набояд сарфи назар кард. Маҳмадулло Раҷабов номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






