Президент: «Рушди деҳот афзалияти аввалиндараҷа дорад»

Апрель 26, 2013 14:36

Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар солҳои истиқлолият ба рушди деҳот афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, ки татбиқи аксари лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, кишоварзиву обтаъминкунӣ ва маорифу тандурустӣ дар ҳамаи шаҳру деҳоти мамлакат аз он шаҳодат медиҳад. Ин нуктаро зимни ироаи Паёми худ ба Парлумони кишвар 26 апрел Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт. Вай афзуд, ки бо ин мақсад то ба имрӯз 42,5 миллиард сомонӣ равона гардидааст, ки 82 фоизи он маблағҳои буҷаи давлатӣ мебошад. То ба ҳол қариб 90 фоизи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои мамлакат татбиқ шуда истодаанд.«Дар ин давра, барои рушди шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 4,8 миллиард сомонӣ, вилоятҳои Хатлон 10,7 миллиард, Суғд 12 миллиард, шаҳри Душанбе 7 миллиард ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8 миллиард сомонӣ равона гардидааст», — иттилоъ дод Э. Раҳмон.Президенти мамлакат тазаккур дод, ки бо вуҷуди ин, зарур аст, ки барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо бо назардошти боз ҳам беҳтар ва самаранок истифода намудани захираву имкониятҳои онҳо таҳия шаванд.

Апрель 26, 2013 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш