Рӯёнидани 22 млн. сомонӣ ба сифати пардохти гумрукӣ

Апрель 24, 2013 10:59

Душанбе, 24 апрел .(АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ) – Дар давоми се моҳи аввали соли равон ҳудуди якуним ҳазор қонуншикании гумрукӣ ошкор гардидааст, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудаанд. Тавре ки аз дафтари матбуотии Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд , аз шумораи умумии қонуншиканҳо 20 шахси мансабдор ва 129 шахси ҳуқуқӣ низ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.  Ба гуфтаи ин ниҳод қонуншиканиҳо дар ин давра ба қочоқи моддаҳои нашъаовар, моли ниёзи мардум ва ҷинояти соҳаи фаъолияти гумрук марбут мебошанд. Дар натиҷаи баррасии парвандаҳо зиёда аз 1 млн. сомонӣ ҷарима баста шуда, ҳудуди ин микдор маблағ ситонида шуд. Аз рўи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ наздик ба 22 млн. сомонӣ ба сифати пардохти гумрукӣ рўёнида шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Апрель 24, 2013 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш