Р. Эмомалӣ: «Ба футболбозони наврас диққати ҷиддӣ бояд дод»

Апрель 1, 2013 14:48

Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Дарвозабони собиқи дастаи мунахаби Тоҷикистон оид ба футзал Анвар Мирзоев бо қарори Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ раиси Кумитаи футболи наврасону ҷавонони ин федератсия интихоб шуд. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ иттилоъ дода, афзудааст, ки ҳамчунин Рустами Эмомалӣ аз фаъолияти кумитаи футболи ҷавонону наврасон изҳори норозигӣ карда, таъкид намудааст, ки бояд ба футболи наврасону ҷавонон диққати махсус зоҳир шавад. «Наврасон ояндаи моянд ва мо бояд баҳри онҳо ҳама шароитро фароҳам орем»,- гуфтааст Рустами Эмомалӣ.Раиси тозаинтихоби Кумитаи футболи наврасону ҷавонони ФФТ Анвар Мирзоев соли 1968 таваллуд шуда, чун дарвозабон дар дастаҳои «Равшан», «Ирригатор», СКА «Помир», «Гвардия», «Регар-ТадАЗ» фаъолият карда, ҳамчунин дарвозаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзалро низ муҳофизат намудааст.

Апрель 1, 2013 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш