Роҳҳои зиёд намудани иқтидорҳои корхонаҳои коркарди нахи пахта

Апрель 27, 2013 11:11

Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо доир ба «Барномаи коркарди пурраи нахи пахтаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда барои давраи то соли 2015» бо иштироки масъулини вазорату идораҳои дахлдор, корхонаҳои соҳа ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар мавзӯи «Роҳҳо ва воситаҳои зиёд намудани истифодаи иқтидорҳои корхонаҳои коркарди нахи пахта» мизи мудаввар баргузор гардид.Дар мизи мудаввар масъалаҳо доир ба андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати ҳарчӣ бештар дастрас будани ашёи хом-нахи пахта ба корхонаҳои ресандагӣ ва дар ин асос афзун намудани иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, ҳамчунин зиёд намудани иқтидорҳои содиротии маҳсулоти тайёри пахтагин ба хориҷи кишвар баррасӣ гардиданд.Роҳбарон ва намояндагони корхонаҳои истеҳсолӣ оид ба масъалаҳои дар соҳа мавҷударо қайд намуда, иброз доштанд, ки пайгирӣ ва ҳалли саривақтии онҳо ҷиҳати беҳтар шудани нишондодҳои истеҳсолӣ ва дар ниҳояти кор барои амалисозии барномаи фавқуззикр мусоидат хоҳад кард. Намояндагони вазорату идораҳо дар навбати худ ба суолҳои матрақгардида посух дода, мавриди омӯзиш қарор додани пешниҳодҳои аз ҷониби корхонаҳо, ироашударо қайд намуданд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Апрель 27, 2013 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш