Роҳбари ИИ “Насоҷии Тоҷик”—беҳтарин соҳибкори Душанбе
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар». Баҳманёр Муродов).-Бо қарори раиси шаҳри Душанбе озмуни “Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе” ҷамъбаст гардида, соҳибкороне чун Наврӯз Комилов, Тамара Холиқова, Фарҳод Мирзоев, Зафар Қобилов, Абдушафеъ Ҳоҷиев, Хушмаҳмад Ҷомаҳмадов ва чандин нафари дигар дар бахшҳои гуногун ҳамчун беҳтарин соҳибкорони пойтахт дониста шуданд. Ҳамчунин бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар Душанбе пешсафи соҳибкорони беҳтарини шаҳри Душанбе дар соли 2012 ғолиби бахши «Истеҳсоли маҳсулоти истифодаи саноат» директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии Тоҷик» Хушмаҳмад Ҷомаҳмадов интихоб шудааст. Гуфта мешавад озмун ҷиҳати баланд бардоштани нуфузи соҳибкорон дар ҷомеа, таблиғи дастовардҳои бунёдкоронаву созандаи онҳо, дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасмандгардонӣ бо мақсади рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






