«Созандагони Ватан» латукӯби Алишер Чақаловро маҳкум мекунад

Апрель 29, 2013 14:31

Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-23 апрели соли равон дар маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ гуруҳи номаълум ба ду нафар ронандаи ҷавон, ки дар сохтмони хонаи истиқоматӣ барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ машғули кор буданд, дарафтода, яке аз онҳоро сахт латукӯб кардаанд. Аз рӯи нақли яке аз ҷабрдидаҳо Рустам Тошмуродов онҳо ҳамроҳи Алишер Чақалов баъд аз анҷоми вақти корӣ тахминан соати 19-и шом ба ҳаммом равона мегарданд. Дар роҳ гуруҳи ҷавонони маҳаллӣ, ки иборат аз ҳафт нафар буданд, пеши роҳи онҳоро мегиранд ва бо мақсади номаълум «шумо бачаҳои Алфаед?» гӯён пурсон мешаванд. Ҳарду ҷавон ҷавоби рад дода мегӯянд, ки онҳо ронандаанд ва барои сохтмон сангу шағал мекашанд.Баъди бозгашт, тахминан наздики соати 21-и шаб, вақте аз пеши ҳамин гуруҳи ҳафтнафара мегузаранд, ногаҳон аз қафо ба онҳо ҳуҷум намуда, яке аз ҷавонҳо-Алишер Чақаловро сахт латукӯб мекунанд, ки ӯ дар ҳолати ношинохтанӣ қарор мегирад. Рустам Тошмуродов ба зудӣ худро раҳо карда, бо мақсади расондани ёрӣ сӯи отряди ҳарбӣ меравад. Бино ба маълумоти шоҳидони ҳол ин бори аввал нест, ки сохтмончиёне, ки аз тамоми гӯшаву канори мамлакат барои ободкориву созандагӣ ба ВМКБ сафарбар мешаванд, аз ҷониби гуруҳҳои алоҳидаи ҷавонони маҳаллӣ мавриди таҳдид ва ё таҳқиру латукӯб қарор мегиранд.Аз ин хотир Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» амали ноҷавонмардонаеро, ки нисбат ба Алишер Чақалов аз ҷониби гуруҳи ҷавонон ба миён омадааст, маҳкум намуда, аз сохторҳои дахлдор хоҳиш менамояд, ки ин ҳодисаро дар доираи қонун баррасӣ намоянд ва пеши ин гуна кирдорҳои ношоиста гирифта шавад. Ҳамзамон аз кулли ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла ҷавонони бонангу номуси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон даъват ба амал меорад, ки барои ободиву созандагии диёр саҳмгузор бошанд ва нагузоранд, то ҳар гуна гуруҳҳои манфиатҷӯ аз нерӯву қувваи ҷавонон барои ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода кунанд, зеро имрӯзу фардои тақдири Ватан дар дасти мо, ҷавонон аст.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» раиси ташкилоти «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов иттилоъ дод.

Апрель 29, 2013 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд