Таҷҳизоти нав барои корхонаи металлургии Тоҷикистон

Апрель 1, 2013 16:47

Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Тавре ки аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, барои корхонаи ояндаи металлургии Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Ҳисор бунёд мегардад, таҷҳизоти нави истеҳсолию технологӣ ба маблағи 4 миллиону 500 ҳазор доллар оварда шудааст. Алҳол навбати якуми комбинати муштараки металлургии Тоҷикистону Чин сохта мешавад, ки қудрати истеҳсолиаш 150 ҳазор тонна маҳсулоти хушсифати металлургӣ хоҳад буд.

Апрель 1, 2013 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш