Талабот ба қарзҳои хурд қонеъ мегардад

Апрель 29, 2013 16:45

Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти низоми бонкии мамлакат нишон дод, ки бақияи умумии қарзҳо дар семоҳаи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,3 фоиз зиёд мебошад.  Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки таҳлили таркиби бақияи қарзҳо нишон дод, ки 64,5 фоиз ё 3, 7 млрд. сомониро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 35,5 фоиз ё 2 4 млрд. сомониро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд. Фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 25,99 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 25,50 фоизи солонаро ташкил дод. Бинобар сабаби зиёд гардидани талабот ба қарз, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда 49,9 фоиз афзоиш ёфт. Аз ин маблағ 205,2 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46,4 фоиз зиёд мебошад.

Апрель 29, 2013 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст