Таъмини бехатарии ҳуҷҷатгузорӣ дар қӯшунҳои сарҳадӣ
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Понздаҳ нафар корманди Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии кишвар дар семинари серӯза оид ба бехатарии ҳуҷҷатгузорӣ ширкат менамоянд.Семинари мазкур аз ҷониби Барномаи БОМКA, ки сарпарасташ Иттиҳоди Аврупо ва иҷрокунандааш БРСММ аст, дар ҳамкорӣ бо Маркази Байналмилалии Сиёсати Рушди Муҳоҷират ташкил шудааст.Дар ҷараёни семинар ду мутахассис аз Иттиҳоди Аврупо ба иштирокчиёни семинар оид ба системаи аврупоии назорати ҳуҷҷатҳо, ҳамчунин дар мавзуъҳои дастовардҳои навтарин дар бахши бехатарӣ ва мукаммал будани ҳуҷҷатҳо маълумот хоҳанд дод. Мавзуъҳои усулҳои муқаррарии чопкунӣ, технологияи рақамии чопкунӣ ва зинаҳои тайёркунии шаҳодатнома низ дар ҷараёни семинар баррасӣ хоҳанд гардид.Ҳадафи семинар- ин таъмини муқаррароти зинаи дуюми таҳияи ҳуҷҷатгузорӣ, ки ба системаи аврупоии сезинагии ҳуҷҷатгузорӣ асос ёфтааст, мебошад. Кормандони салоҳиятдори назорати марзӣ, ки дорои таҷриба ва дониши кофӣ оид ба бехатарии ҳуҷҷатгузорӣ мебошанд, дар семинари мазкур бо кори амалӣ, яъне ҳуҷҷатҳо ва ҳолатҳои воқеӣ машғул хоҳанд шуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






