Тоҷикистон шоҳроҳи шимолашро то марзи Ӯзбекистон таҷдид мекунад
Душанбе, 3 аперл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шоҳроҳи автомобилгарди Айнӣ -Панҷакент то марзи Ӯзбекистон бо маблағҳои қарзию грантӣ, ки 134 миллион $- и амрикоиро ташкил мекунад, таҷдид ва васеъ гардонида мешавад. Дар ин росто 3 апрел вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ду Созишнома- яке Созишномаи грантии (Амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Айнӣ- сарҳади Ӯзбекистон(CAREC коридори 6) ва дигаре Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Айнӣ-сарҳади Ӯзбекистонро баррасӣ карда, ба тасвиб расониданд. Руҳуллоҳ Ҳакимов-муовини вазири молияи ҷумҳурӣ, ки масъалаҳои мазкурро дар назди вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон тавзеҳ медод, гуфт, ки ин ду лоиҳа ҷиҳати рушди соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, хусусан аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар мусоидат менамоянд. Тибқи ин лоиҳа навсозии роҳи духаттаи автомобилгарди Айнӣ -Панҷакент ба масофаи 113,6 километр то сарҳади Ӯзбекистон бо паҳноии 12 -15 метр ва роҳҳои ҳаракати чорхаттаи нақлиётии дохили шаҳри Панҷакент бо паҳноии 20 метр дар назар дошта шудааст. Дар ҳудуди ин шоҳроҳ барқароркунии 31 адад купрӯкҳо бо дарозии 884 метр, таъмири 60 километр роҳи маҳаллӣ пешбинӣ шуда, инчунин лоиҳаи мазкур беҳтар намудани инфрасохтори дидбонгоҳҳои гумрукӣ, хариди техника ва таҷҳизоти нигоҳдории роҳро дар бар гирифта, дар муддати чор сол ба истифода дода мешавад. Барои татбиқи ин лоиҳа 136 миллион $- амрикоӣ ҷалб шуда, аз он 100 миллион $-аш аз ҳисоби Бонки Рушди Осиё ҳамчун грант, 14 миллион $ доллар аз ҳисоби Фонди ОПЕК қарзи имтиёзнок ба муҳлати 20 сол, давраи имтиёзнок 5 сол бо меъёри фоизи солона 2,5 % , давраи пардохти қарзи имтиёзнок аз соли 2017 то соли 2032, инчунин 22 миллион доллараш саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он аз ҳисоби буҷаи кишвар маблағгузорӣ мегардад. Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ин шоҳроҳ 77 механизму техника ва таҷҳизоти гуногуни роҳсозӣ сафарбар шуда, 120 нафар мутахассису роҳсоз, аз ҷумла 40 нафар шаҳрванди кишвар ба кор ҷалб мешаванд. Сохтмони роҳи мазкур имконият медиҳад, ки арзиши аслии боркашонӣ ва хароҷоти нақлиётӣ дар масири Айнӣ — Панҷакент паст гардида, вазъи деҳоти шафати роҳ рушд ёфта, он ба баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолии минтақаҳои мазкур мусоидат намояд. Ҳамзамон қад-қади роҳи мазкур корхонаҳои нав –нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, мағозаю меҳмонхонаҳо, иншоти соҳаи туризм бунёд гардида, ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегарданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






