Вазири маориф аз донишҷӯёни тоҷик ҳимоят кард
Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов бо ирсоли як нома аз роҳбарияи Донишгоҳи Астрахани Русия хоҳиш кардааст, то иҷоза бидиҳанд, ки донишҷӯёни тоҷик дар ин донишгоҳ таҳсили худро идома бахшанд. Дар ин бора сухангӯи Вазорати маорифи кишвар Маҳмудхон Шоев иттилоъ дода гуфтааст, ки ин чаҳор нафар Умедхӯҷа Додохӯҷаев, Собир Некқадамов, Шоҳрух Маҳмудов ва Аҳрор Нодиров бо ҷурми муноқиша ҳангоми бозии футбол бо донишҷӯёни туркман аз донишгоҳ хориҷ шудаанд. Аммо Вазорати маориф гуфтааст, ки донишҷӯёни тоҷик ба гуноҳи худро иқрор шуда, беҳтар аст, ки таҳсилашонро идома диҳанд. Донишҷӯёни тоҷик баъд аз хориҷ шудан аз донишгоҳ бо ирсоли нома аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва Вазорати маорифи кишвар дар ҳалли ин қазия мадад хоста буданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






