Вохӯрӣ бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор

Апрель 8, 2013 09:08

Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар Душанбе вохӯрии раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор баргузор шуд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк» иттилоъ доданд, ки зимни вохӯрӣ натиҷаҳои ҷамъбасти соли 2012 дар БДА ҶТ «Амонатбонк» баррасӣ шуд ва ҳамчунин меҳмонон перомуни масъалаҳои рушди соҳа ва роҳҳои бартараф кардани мушкилоти дар соли 2013 дар фаъолияташон ҷойдошта ибрози ақида намуданд.  Дар давоми вохӯрӣ масъалаи вазъи иқтисодии минтақа ва таъсири он ба иқтисодиёту молия мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар доираи муҳокимаи барномаи Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои иҷрои нишондиҳандаҳои назоратӣ оид ба макроэктисодиёт ва сиёсати молиявӣ муҳокима гардиданд. Масъалаҳои дигаре, ки мавриди муҳокимаи тарафҳо қарор гирифтанд, ин сиёсати молия ва андоз, мушкилии бонкҳои ҷумҳурӣ ва роҳҳои ҳалли он буд. Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо аз ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Апрель 8, 2013 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст