Вохӯрии аҳли зиё бо сарбозони қисмҳои ҳарбии КҲФ

Апрель 22, 2013 08:55

Душанбе, 22 апрел.(АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Вохўрӣ бо ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо сарбозони қисмҳои ҳарбии кумита, воқеъ дар гарнизони Душанбе доир шуд. Зимни вохўрӣ меҳмонони қисмҳои низомӣ аз шароити будубоши воҳидҳои ҳарбии кумита, аз қабили нуқтаи тиббӣ, китобхона, ошхона, хонаи хоби сарбозон, хонаҳои шустушўӣ, шиору овезаҳои ҳудуди воҳидҳои ҳарбӣ азназдик шинос шуданд.  Инчунин миёни ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ ва аҳли зиёи даъватшуда суҳбати озоду самимӣ доир гардида, оид ба будубоши хизмат дар сафи Кувваҳои Мусаллаҳ мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҳамзамон зикр шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар шароити кунунӣ, ё худ дар замони соҳибистиқлолии диёр, барои ҳар фарзанди бо нангу ори ин марзу бум шараф маҳсуб мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти кумита Ориф Нозимов хабар дод.

Апрель 22, 2013 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст