Вохӯрии аҳли зиё бо сарбозони қисмҳои ҳарбии КҲФ
Душанбе, 22 апрел.(АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Вохўрӣ бо ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо сарбозони қисмҳои ҳарбии кумита, воқеъ дар гарнизони Душанбе доир шуд. Зимни вохўрӣ меҳмонони қисмҳои низомӣ аз шароити будубоши воҳидҳои ҳарбии кумита, аз қабили нуқтаи тиббӣ, китобхона, ошхона, хонаи хоби сарбозон, хонаҳои шустушўӣ, шиору овезаҳои ҳудуди воҳидҳои ҳарбӣ азназдик шинос шуданд. Инчунин миёни ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ ва аҳли зиёи даъватшуда суҳбати озоду самимӣ доир гардида, оид ба будубоши хизмат дар сафи Кувваҳои Мусаллаҳ мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҳамзамон зикр шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар шароити кунунӣ, ё худ дар замони соҳибистиқлолии диёр, барои ҳар фарзанди бо нангу ори ин марзу бум шараф маҳсуб мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти кумита Ориф Нозимов хабар дод.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






