Вохӯрии аъзои ҲХДТ бо Ҳақназар Ғоиб
Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Олимон»-и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Кӯлоб вохӯрии Шоири халқии Тоҷикистон, узви ҲХДТ Ҳақназар Ғоиб бо ҳизбиёни шаҳр баргузор гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ маҳфил ба 50-солагии фаъолияти эҷодии ин шоири маъруф бахшида шуда, дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Зулайхо Ҳақназарова, раиси ташкилоти ибтидоии «Олимон»-и ҳизб, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Абдулло Табаров, шоираи шинохта Хосият Вализода ва дигар шахсиятҳои варзидаи ҳизбӣ иштирок намуданд. Ҳақназар Ғоиб аз дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон ёдовар шуда, зикр намуд, ки рушду пешрафти кишвар манбаи илҳоми шоирон аст. Ҳамчунин дар анҷоми маҳфил суҳбати озоди ҳизбиёни Кӯлоб бо шоир Ҳақназар Ғоиб сурат гирифт.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






