Як кишвари скандинавӣ хостори тавсеаи муносибот бо Тоҷикистон
Душанбе, 30 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои Парлумони Тоҷикистон бо Парлумони Финляндия имрӯз дар Душанбе зимни мулоқоти Амирқул Азимов-раиси кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагон бо Ҳайдӣ Ҳаутала -вазири рушди ҳамкориҳои байналмилалии Финляндия баррасӣ гардиданд. Амирқул Азимов, ки ҳамзамон роҳбари гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Парлумони Финляндия аст, доир ба фаъолияти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, хусусан нақши гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои Маҷлиси намояндагон бо Парлумони Финляндия гузориш дод. Мавсуф фаъолияти гуруҳи дӯстиро байни парлумонҳои ҳар ду кишвар қадами устуворе дар тавсеаи муносибот арзёбӣ кард. Таъкид шуд, ки парлумонҳои ҳар ду давлат ҷиҳати густариши ҳамкориҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Финляндия заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меоранд.Вазири рушди ҳамкориҳои байналмилалии Финляндия Ҳайдӣ Ҳаутала алоқамандии кишварашро барои боз ҳам густариш бахшидани ҳамкориҳо бо Тоҷикистон баён дошт. Вазир афзуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Финляндия алҳол дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудаанд, аз ин рӯ мо хостори таҳкими равобити ҳасана бо Тоҷикистон ҳастем.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






