Забондонӣ ҷаҳондонист

Апрель 8, 2013 09:34

Душанбе, 8 апрел.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- 6 апрел дар Душанбе Анҷумани солонаи омӯзгорони забони фаронсавӣ баргузор гардид. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии ДДОТ ба номи С.Айнӣ иттилоъ доданд, анҷумани мазкур бо ташаббуси кафедраи забони фаронсавии факултаи забонҳои романӣ-германии донишгоҳ якҷо бо Маркази фарҳангии «Бохтар» ва раёсати донишгоҳ ташкил шуд. Сарвари таълимгоҳ А.Раҳмонов пиромуни аҳамият ва муҳимияти омӯзиши забони фаронсавӣ ва истифодаи бовусъати технологияи навин дар дарсҳо изҳори андеша намуд.  Дар идомаи анҷуман ҳамчунин сафири Фаронса дар Тоҷикистон Дидйе Леруа ва директори Маркази фарҳангии «Бохтар» Тимоте де Майяр сухан гуфтанд. Маркази фарҳангии «Бохтар» бо курсҳои забономӯзии худ дар рушди соҳаи маорифи кишвар нақши муассир дорад. Мақсаду мароми донишгоҳ якҷо бо Маркази «Бохтар» аз ин анҷуман рушд ва таблиғу ташвиқи забони фаронсавӣ дар Тоҷикистон буда, яке аз ҳадафҳояш ҳамасола гузаронидани чунин анҷуман барои омӯзгорони забони фаронсавӣ ва баргузории озмунҳо байни омӯзгорону донишҷўён мебошад.

Апрель 8, 2013 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст