Ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ аз соҳибкасб будан оғоз мегардад
Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дирӯз сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев бо вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов доир ба масъалаҳои танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ мулоқот доир намуд. Тавре ки аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, мақсад аз вохӯрӣ муҳокимаи мушкилоти таълими касбии муҳоҷирони меҳнатӣ ва забономӯзии онҳо, таъмин бо ҷойи кор дар бозори меҳнати хориҷӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, алалхусус дар Федератсияи Русия буд. Сардори Хадамоти муҳоҷират зикр намуд, ки муассисаҳои касбию техникӣ кайҳо бояд ба талаботи муосир ҷавобгӯ гардонида шуда, марказҳои таълимиро дар навоҳии дурдасти ҷумҳурӣ таъсис намудан ба мақсад мувофиқ аст. Дар ҷараёни мулоқот мусоҳибон доир ба мустаҳкам намудани заминаҳои таълими касбӣ ва забономӯзӣ дар маркази ноҳияҳо, ташкили намояндагиҳои Омӯзишгоҳҳои касбӣ -техникӣ (ОКТ) — Комбинати омӯзишӣ — истеҳсолӣ (УПК) дар синфҳои болоии макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ, баромадан ба бозори меҳнати давлатҳои мутараққӣ ва дигар масъалҳои танзими раванди муҳоҷират дар дохили кишвар ибрози андеша намуданд. Инчунин дар мулоқот оид ба вазъи раванди муҳоҷират дар дохили кишвар, ҳамкории зичи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар танзими будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ҳамкорӣ дар самти нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар муассисаҳои нигоҳдории муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






